Тавсиф

Ширкати Bella Pizza and Pasta аз соли 2016 дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад. Соҳибмулк ва илҳомбахши асосии идеологии рецептҳои фирмавӣ Алессандро Перейра буда, табиатан навовар ва инчунин як мухлиси ашаддии фарҳанги Осиёи Марказӣ мебошад. Аз Бразилия омада, аввалин пиццерияи услуби Ню-Йоркро дар Тоҷикистон кушод. Хамири пицца бо услуби Ню-Йорк дорои миқдори ками хамиртуруш ва равғани зайтун аст. Ин комбинатсияи компонентҳо ва тарзи махсуси пухтупаз онро хеле мулоим карда, дар баробари ин онро чарсак нигоњ медорад. Дар баробари пицца, Bella Pizza and Pasta ба меҳмонони худ пешниҳод мекунад, ки гамбургерҳои азими болаззат, болҳои мурғ дар чошнии хушбӯй, салатҳои тару тоза, инчунин шириниҳои анъанавии Ню Йорк – Cheesecake ва Brownie – ро бо қаҳваи хушбӯй бихӯранд.

Суратҳо

Видео