Тавсиф

Дар ошёнаи якуми маркази савдои «Сиёма Молл» воқеъ гардидааст. Мағоза махсус ба фуруши либосхои хушсифату муд барои бачагони аз 0 то 12-сола фаъолият менамояд. Ба ассортименти мағоза моделҳои мавсимии бренди туркии “Panço” барои писарон ва духтарон дохил мешаванд, аз ҷумла: куртаҳо, юбкаҳо, блузкаҳо, костюмҳо, пойафзолҳои баландсифат, аксессуарҳо ва ғайра. Ҳама либосҳо аз маводи баландсифат тайёр карда шудаанд. Либосҳои бренди «Panço» мӯҳлати зиёди истифодабариро доро буда, ҳангоми шустани дуруст пажмурда намешаванд. Нақшаи рангњо ва гуногунии тасвирҳо ҳеҷ як кўдаки муднокро бетараф намегузорад. Кормандони хайрхоҳ ва хушмуомила ҳамеша барои кӯдаки шумо либосҳоро мувофиқи дархост ва андоза интихоб ва пешниҳод менамоянд.

Сиёсати тағйирпазири нархгузории мағоза намудҳои гуногуни тахфифҳоро пешбинӣ мекунад: идҳо ва мавсимӣ.

Суратҳо