Тавсиф

МСТ «Волна» дилери расмии истеҳсолкунандагони ҷаҳонии зерин мебошад: Samsung Electronics, LG Electronics, ЉСП Индезит Интернешнл, Daewoo Electronics Europe GmbH, Panasonic (CIS) Oy, Sony, Canon, GRUPESEB, Hitachi, Gree Electronics Appliances, HP, APC, Epson, Polaris , Philips, Gorenje, Toshiba, Ariston, Midea, BBK, Karcher, JVC ва бисёр дигар брендҳои пешқадам.

Мо метавонем фахр кунем, ки дар шахру вилоятњо яке аз навъхои васеи махсулотњоро дорем.

Ҳамзамон, шароити беназири кор бо истеҳсолкунандагони байналмилалӣ ба мо имкон медиҳад, ки маҳсулоти замонавии брендҳои пешқадамро бо нархҳои дастрас пешниҳод кунем. Мо рӯз то рӯз шароити кор бо муштариёнро беҳтар мегардонем, лоиҳаҳои навро таҳия намуда, маҳсулоти замонавии брендҳои ҷаҳонӣ пешниҳод менамоем, шабакаи мағозаҳоямонро васеъ мекунем.

Ширкати мо ба панҷ арзишҳои асосӣ содиқ аст:

  • ростқавлӣ
  • самаранокй
  • касбият
  • сифат
  • кафолат

МСТ «Волна» молхои яклухт ва чакана мефурушад. Пардохти мол мумкин аст:

  • бо пули нақд
  • интиқол ба суратҳисоби ҷории ширкат
  • кортҳои пластикӣ
  • бо кредит

Дар хар як маѓозаи мо тамоми шароитхои зарурй барои савдои бароҳат – толорҳои барҳаво, таҷҳизоти муосири савдо, намоиши қулайи молҳо мавҷуданд. Мушовирони соҳибихтисос ба харидорон имкон медиҳанд, ки вақти худро сарфа кунанд ва машварати пурра гиранд, ки ин барои интихоби боэътимодтар кӯмак мекунад.

  1. Барои роҳати харидорон, мағоза барои гирифтани кредит барои харид кӯмак мекунад. Якҷоя бо бонкҳои шарики пешқадам, шабакаи савдо барномаҳои қарздиҳии истеъмолиро торафт навтар ва фоиданоктар ҷорӣ мекунад, ки ба шарофати онҳо тамоми таҷҳизот барои ҳамаи категорияҳои муштариён боз ҳам дастрастар мешаванд.
  2. Маѓоза инчунин масъулияти ба хонаи харидор расондани молхои калонро ба зиммаи худ мегирад, дар баробари маслихатхои иловагй оид ба кор фармудани ин ё он техника, ки барои осон кардани омухтани дастуруламалхо ёрї мерасонад, бепул васл кардани асбобхои калонхачми рузгорро медихад; инчунин вакти истеъмолкунандаро сарфа мекунад.
  3. Дар шахр маркази хизматрасонї амал мекунад, ки он хизмати бепули кафолатнок, инчунин хизмати пас аз кафолати тачхизотро мерасонад. Дар маркази хидматрасонии мо устоҳои баландихтисос кор мекунанд, ки аз истеҳсолкунандагони электроника ва асбобҳои рӯзгор мунтазам таълим мегиранд.

Видео